Рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр ва кормандони ВАО Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гашт.

Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло намояндагони ВАО-ро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки нақши ВАО дар рушду нумуи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ назарас мебошад.

Раиси шаҳр ҳамчунин қайд кард, ки имрӯз ВАО имкони фаррохи афкорсозӣ ва таъсиргузорӣ дар рушду таҳкими шаҳрдориро доранд.

Шаҳрдор афзуд, ҳар матлабу наворе, ки дар расонаҳо нашр мешаванд, барои пешравии шаҳр мусоидат мекунанд. “Мо ҳамаҷониба омадем, ки бо намояндагони ВАО ҳамкори намоем, зеро танҳо дар сурати ҳамраъйӣ ва мушоҳидаҳои воқеъбинонаи аҳли эҷод заминаи рушди бошиддати ҳама ниҳоди шаҳрӣ ,озодагӣ ва хуррамии маркази вилоят таъмин хоҳад гашт”.

Дар фарҷоми ин чорабинӣ аз ҷониби раиси шаҳр ба беш аз 30 кормандони ВАО сипоснома ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь