Чанде пеш Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷлиси миллӣ дархости барканории Раҳмон Юсуфро аз вазифаи прокурори генералӣ карда буд, ки тасдиқ шуд ва инак фармони барканориаш ҳам имзо шуд.
Дар фармони Президент, ки рӯзи 4-уми феврфал имзо шудааст, омадааст, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо фармони дигар Раҳмон Юсуф Аҳмадзод котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Инчунин, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Хайриддин Шарифҷон муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Бо фаромни дигар сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъйин карда шуд.
Бо амри Президент бо сабаби ба кори дигар гузаштан Оқилзода Нурулло аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шуд.