5-уми феврал бар асоси васияти Оқохони IV, писари ӯ Раҳим Оқохони V имоми исмоилиҳои ҷаҳон таъйин шуд.
Имоми 50-уми исмоилиҳои ҷаҳон Раҳим Оқохони V дар Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст ва ҳоло 53-сола аст. Оқохони панҷ хатмкардаи ихтисоси адабиёти муқоисавии Донишгоҳи Брауни Род-Айленди Амрико мебошад. Ӯ то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Шабакаи рушди Оқохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин шабакаро ба уҳда доштааст.
Блоки рекламавӣ