12-уми март, соати 16:00, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,   дар чорабинӣ қадрдонии фаъолони соҳаи матбуот ва ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ» бахшида ба 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Дар ин рӯз ба журналистони ҷавон ҷоизаи ҳарсолаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон – Ҷоизаи Воҳид Асрорӣ низ тақдим мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи чорабинӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти тозанашр, инчунин, барномаи адабию фарҳангӣ низ ҷой дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 371 рӯзнома (109 адад давлатӣ ва 262 адад ғайридавлатӣ), 243 маҷалла (113 адад давлатӣ ва 130 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма» фаъолият менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь