Президенти Русия Владимир Путин амри додани шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони хориҷиро ба имзо расонидааст. Мутобиқи қарори мазкур шаҳрвандии Русияро 104 нафар соҳиб шудаанд. 

Тибқи иттилои сомонаи ҳуқуқӣ шаҳрвандии Русияро якнафарӣ аз Кипр, Ҳиндустон, Италия, ИМА ва Олмон, дунафарӣ аз Фаронса, Туркия ва Исроил, сенафарӣ аз Гурҷистон ва Қазокистон, инчунин ду нафаре, ки дар қаламрави Русия ба дунё омадаанд, соҳиб шудаанд.

Ҳамзамон, шаҳрвандии Русияро 5-нафарӣ аз Украина,  Афғонистон,  Ветнам, 9 нафар аз Озарбойҷон, 10-нафарӣ аз Беларус ва Тоҷикистон, 11 нафар аз Арманистон, 14 нафар аз Молдавия ва 16 нафар аз Ӯзбакистон гирифтаанд.

Мутобиқи фармони мазкур ҳамаи ин нафарон савганди шаҳрвандии Федартсияи Русияро ёд хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь