Дар шаҳри Хуҷанд озмуни мобилии «Youth» – конкурси барномаҳои мобилӣ, ки барои дастгирии аҳдофи рушди устувори СММ равона шудааст, баргузор гардид. Ба унвони бахше аз ҳамкориҳои хидматрасонии корпоративӣ, Tcell ин озмунро дастгирӣ ва ғолибонро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кард.

Дар ин озмун барномасозони ҷавон аз саросари Тоҷикистон бо замима (корбурд)-ҳои иҷтимоии таҳиякардаи худ ширкат варзиданд. Замимаҳое, ки қобили таваҷҷуҳ ва баҳои баландтар гардиданд, “Тарихи халки тоҷик” – барнома дар мавриди таърихи тамаддун ва инкишофи халқи тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар Google Play (https://bitly.su/JCi5xczs) беш аз 1000 маротиба боргирӣ шудааст ва барнома барои содда кардани интихоби касб эълон шуданд.

Озмуни Youth Mobile аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато бо иштироки филиали Созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Tcell баргузор шуд. Ҳимоят аз бахши омӯзиш ва парвариш (маориф) яке аз ҳадафҳои стратегии Tcell аст. Ба унвони як ширкати пуштибон аз тарҳҳои иҷтимоӣ, Tcell ҳамвора ташаббусҳо дар бахши аввалияи IT -ро дастгирӣ мекунад: ингуна иқдомот одатан мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии мардумро беҳтар месозанд.

Ширкати Tcell мустақилона низ тарҳу пружаҳои марбут ба омӯзишу парваришро баргузору дастгирӣ менамояд, аз ҷумла барои муштариёни корпоративӣ, аз қабили “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Tcell бо истифода аз имконоти муосири технологӣ нерӯи инноватсиониро дар кишвар рушд медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь