Президенти Украина Владимир Зеленский арз кардааст, ки Русия дубора метавонад аъзои G8 (њаштгонаи бузург) шавад, ба шарте ки Қримро ба Украина баргадонад ва низоъро дар Донбас хотима диҳад.

Зеленский дар ин бора дар саҳифаи фейсбуки худ навишта, ҳамчунин, пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони украинӣ, ки дар маҳбас ва боздоштгоҳҳои Русия ҳастанд, озод карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ҳамин шартҳо аз абарқудрат будани Русия хабар хоҳад дод ва ҳушдори ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, дубора Русияро ба мавқеи пешинаи дипломатии худ бармегардонад.

Украина узви «ҳаштгонаи бузург» ва ҳам «бистгонаи бузург» нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь