Президенти Молдова Игор Додон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмонро муовини сарвазир Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Игор Додон барои шиносоӣ бо кори неругоҳи барқи обии «Норак» ба шаҳри Норак сафар кард.

Дар нақша аст, ки ӯ бо дар Тоҷикистон бо президентҳои як қатор кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот мекунад.

Фардо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Ҳамаи президентҳои кишварҳои узви ИДМ, ба ғайр аз перзиденти Украина ва Туркманистон, барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тоҷикистон меоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь