Аз президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон ибни Иброҳим Ал-Халифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати ба даст овардани медалҳои нуқра дар Чемпионати Осиё аз ҷониби наврасони кишвар ва роҳхат пайдо кардани онҳо ба Ҷоми ҷаҳонии 2019 дар Перу номаи муборакбодӣ расидааст.

Дар нома аз ҷумла гуфта мешавад: “Президенти мӯҳтарам! Ман бо камоли эҳтиром шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои расидани наврасони кишваратон ба финали чемпионати Осиё-2018, ки рӯзи якшанбе дар Куала- Лумпур баргузор шуд, табрику муборакбод менамоям.

Ҳамчунин, хоҳишмандем, ки табрикоти самимии маро ба кулли ҳайати дастаи наврасон бо роҳбарии сармураббии даста Зайниддин Раҳимов ва сарвони он Эмомалӣ Аҳмадхон, ки як бозии энергетикӣ ба мухлисон ва тамошобинон дар чемпионати Осиё-2018 нишон доданд ва дар натиҷа даста рохат ба чемпионати Ҷоми ҷаҳонии 2019-ро дар Перу ба даст овард, расонед. Ҳамаи олами футболи Осиё ба  дастаи шумо дар чемпионати ҷаҳонии 2019-и Перу ба даст овардани натиҷаҳои беҳтаринро таманно доранд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь