Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов барои анҷом додани сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарввазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар идома Содир Ҷабборовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, даъват кард. Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд.

29-уми июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборовро самимона истиқбол гирифт. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь