«Муҳтарам Президент! Мо Шуморо аз номи парлумони касбии мамлакат,  ҳизбҳои он, гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонӣ хуш омадед мегӯем ва хушҳолем, ки Шумо дар Тоҷикистон худатонро дар хонаи худ ҳис карда истодаед»- гуфт имрӯз зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, ки бо сафари расмӣ дар ҷумҳурӣ қарор дорад.

Шукурҷон Зуҳуров фараҳмандияшро аз равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо  қаноатмандӣ изҳор намуда, гуфт онҳо пайваста ба самтҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб густариш меёбанд, зеро Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳам равобити дӯстона ва қаробати таърихию фарҳангӣ доранд. -Ҳанӯз аз даврони қадим робитаи мардуми ду кишвар барқарор буд. Мардумони ду кишвар тайи ҳазорсолаҳо борҳо омезиш ёфта, ба бунёди тамаддунҳои нави пешрафта замина гузошта буданд. Ин муносибатҳои дӯстона, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва мулоқотҳояшон бо роҳбарони олимақоми ин кишвар, аз ҷумла бо шумо Ҷаноби Президент заминаи хуберо барои ҳамкориҳои оянда фароҳам оварданд. Имрӯз байни ҳукуматҳо ва вазорату идораҳои кишварҳоямон зиёда аз 60 санади меъёрию ҳуқуқӣ, созишномаҳову протоколҳо ба имзо расидаанд,  ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро таъмин менамоянд.Ҷаноби Президент! Сафари аввалини Шуморо ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон гоми нек меҳисобем ва ин сафар, тавре мо огаҳ ҳастем хеле сермаҳсул ва самаранок мебошад,- қайд кард Шукурҷон Зуҳуров.

«Мо ба Шумо аз номи Парлумон барои он кумакҳое, ки дар давоми солҳои охир ба Парлумон ва соҳаҳои гуногуни кишварамон расонидаед, ташаккур мегӯем. Ҳамкориҳои хуби Шуморо махсусан дар соҳаҳои ҳарбию-техникӣ  таъкид менамоем. Барқарорсозии сохтмони госпитали дӯстии Тоҷикистону- Ҳиндустон ва дигар иншоотҳои барои Тоҷикистон муҳим намунаи олии ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошанд”. 

-Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ҳамзамон таъкид менамоем, ки барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёр аст. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо ширкатҳое ҳастанд, ки ба тиҷорати соҳаи доруворӣ машғул ҳастанд. Сарзамини мо аз гиёҳҳои шифобахш хеле ғанӣ аст, вале мардуми мо ҳоло ҳам барои табобат ба Ҳиндустон мераванд. Тамоми дунё медонад, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи дорусозӣ таҷрибаи ҷаҳонӣ дорад ва имрӯз  қисми зиёди доҳруҳои Хиндустон дар Тоҷикистон  истифода мешавад. Хуб мешуд, ки мо дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки дорусозӣ бо иштироки дӯстони ҳиндустонӣ месохтем, зеро ин ба манфиати  ҳарду кишвар хоҳад буд,-таъкид намуд Раиси Парлумони кишвар.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки ҳануз соли 2015 байни парлумонҳои ду кишвари бо ҳам дӯст гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонӣ таъсис дода шуда буд. “Имрӯз дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави хамкорӣ бо парлумони Ҳиндустон ҳастем. Мо аз таҷрибаи бою ғании парлумони Ҳиндустон, ки собиқаи хеле тӯлонӣ дорад метавонем бо самар ба нафъи кишварҳоямон истифода барем».

-Ҷаноби Президент! Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ҳамчун як шахсияти барҷаста, сиёсатмадори шинохта мешиносанд. Шумо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар сиёсат, кумитаҳои парламент, шохаҳои судии Ҳиндустон солҳои зиёд ба нафъи давлату миллат ва ватанатон фаъолияти пурсамаре намудаед.   Фикр мекунам, мулоқот бо Шумо барои ман ва ҳамроҳонам  боиси ифтихору сарфарозист,- гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.  

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд дар навбати худ аз мулоқоташ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ  намуд. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар палатаи болои парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон 12 сол фаъолият намудааст, ки барояш боиси ифтихор аст.

-Ин барои ман ва ҳамкоронам таҷрибаи бузургӣ зиндагӣ буд. Парлумон ҷои муқаддас буда, ба мардум хизмат кардан, чӣ гуна ба мушкилоти мардум расиданро меомӯзонад,-гуфт Президенти Ҳиндустон, ҷаноби Рам Натҳ Ковинд.

Президент ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию-иқтисодиро хеле зарур донист. Ӯ қайд кард, ки “барои баланд бардоштани савдои ду кишвар шумораи парвози тайёраҳоро миёни кишварҳо афзун намудан лозим аст”.

Президенти Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд аз табиати зебои Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, он метавонад макони сайёҳони зиёди ҷаҳон гардад. “Мо бояд барои беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар ин соҳа чораҳои зарурӣ  андешем.  Дар солҳои наздик ман мутмаинам , ки ҳамкориҳои мо аз пештара дида густариш ва қавитар мегарданд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь