Имрӯз, 20-уми май президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25-уми майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь