Аввалин президенти Украина Леонид Кравчук дар синни 89-солагӣ даргузашт. Дар ин бора расонаҳои украинӣ хабар доданд. Наздикони президенти пешин даргузашти ӯро тасдиқ карданд.

Леонид Кравчук пас аз пошхӯрии СССР нахустин президенти Украина шуд ва аз соли 1991 то соли 1994 ин мақомро бар ӯҳда дошт. Якҷоя бо Борис Елтсин ва Станислав Шушкевич созишномаҳои Беловежро имзо карданд, ки пас аз он СССР мавҷудияти худро қатъ кард. Аз миёнаҳои солҳои 90-ум Кравчук вакили Ҳизби сотсиал-демократии Украина буд.

Дафтари президенти феълии Украина Владимир Зеленский дар бораи марги Кравчук изҳори назар карда, ӯро шахсияти таърихӣ дар шароити истиқлоли кишвар номид. Дар ин бора роҳбари дафтари кории Андрей Ермак дар канали Telegram-и худ изҳори назар кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь