Президенти аввалин ва ягонаи Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС-СССР) Михаил Сергеевич Горбачёв рӯзи 30-юми август дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт.

Ӯ аз бемории гурда ранҷ мебурд ва аз соли 2020 дар беморхона бистарӣ шуда буд. Аз он вақт инҷониб таҳти назорати доимии табибон қарор дошт. Ҷанозаи собиқ котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар кабристони Новодевичеи Маскав дар паҳлӯи ҳамсараш Раиса Максимовна дафн карда мешавад.

Михаил Сергеевич Горбачёв 2 марти соли 1931 дар кишвари Ставропол дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз 15-солагӣ ёрдамчии комбайнрон шуда кор кард. Факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Москваро хатм карда, баъди он ба кори комсомолӣ шуруъ кард. Соли 1971 аъзои КМ КПСС, соли 1985 котиби генералии КМ интихоб шуд. Горбачёв ҳамчун сарвари Иттиходи Шуравӣ роҳи либерализатсияро эълон кард, ки онро «Перестройка» (бозсозӣ) номид ва ба сӯи наздикшавӣ бо Ғарб рафт.

Моҳи феврали соли 1990 Горбачёв президенти ИҶШС интихоб шуд ва аввалин ва охирин шахс дар ин мақом гардид. Моҳи августи соли 1991 гуруҳе аз раҳбарони баландпояи шӯравӣ кӯшиш карданд, ки ӯро барканор кунанд ва аз таъсиси Кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ (ГКЧП) хабар доданд, аммо табаддулоти давлатӣ ноком шуд.

Горбачёв моҳи декабри соли 1991, пас аз имзои созишномаи Беловеж дар бораи барҳам додани СССР ва таъсиси ИДМ раҳбарони Русия, Украина ва Беларус аз мақоми худ истеъфо дод.

Пас аз тарки сиёсат вай Бунёди Горбачёвро таъсис ва сарварӣ мекард, ки мушкилоти таърихи Русия ва ҷаҳонро меомӯзад. Горбачёв дар соли 1996 дар интихоботи президентии Русия ширкат карда, 0,51% овоз гирифт. Ӯро чун хотимадиҳандаи ҷанги сард мешиносанд, ки соли 1990 ҷоизаи сулҳи Нобелро гирифт.. Горбачёв як духтар, ду набера ва як абера дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь