Дирӯз, баъд аз сафари Лахш, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чанд иншоот ба ноҳияи Рашт рафт.

Эмомалӣ Раҳмон аввал маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, сипас, бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуд.

Ҳамон рӯз, президент дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ба истифода дод.

Субҳи имрӯз, 22-юми сентябр, роҳбари давлат дар доираи сафари корӣ дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт дари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба рӯйи хонандагон кушод.

Сипас, боғчаи «Ахтарак» низ ифтитоҳ гардид. Дар идома манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуданд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь