Имрӯз, 28-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздиди дирӯза аз шаҳри Левакант ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рафт.

27-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Левакант бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншоот сеошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии дӯхтарон, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Сипас, дар ҳамин шаҳр бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супорида шуд. Ин муассиса 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шудааст.

Роҳбари давлат дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуд. Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар замин бунëд карда шуда, аз 7 ошëна иборат мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон Хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дод.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ рафт ва нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор дод. Сафари роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь