Дар шарқи Туркманистон рӯзи 10 январ тақрибан 200 нафар ба далели боло рафтани нархи маҳсулоти имтиёзнок ба як гирдиҳамоии  баромаданд. Дар ин бора сомонаи The Insider дар такя ба гузориши “Радио Азатлык” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин манбаъ, мардум барои изҳори норозигӣ ба маъмурияти маҳаллӣ омадаанд, аммо мақомот онҳоро ба «иштирок дар ошӯб» муттаҳам кардаанд ва полис таҳдид кардааст, ки барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ эътирозгаронро «парронанд«.

Ба навиштаи ин нашрия, аз 1 январи соли 2022 дар мағозаҳои давлатии Фарап нархи баъзе маҳсулоти ғизоии имтиёзнок 7-8 маротиба боло рафтааст. Масалан, 1 литр равгани пахта, ки 3 манат буд, акнун 24 манат фурухта мешавад. Ин боиси норозигии мардум шуд ва рӯзи 10 январ тасмим гирифтанд, ки бо маъмурият мулоқот карда, ба мақомот эътироз кунанд.

Ба гуфтаи хабарнигори нашрия, ки шоҳиди эътироз буд, ҳозирон гуфтаанд, ки бо чунин нархҳо бо даромади мавҷуда зинда мондан наметавонанд. «Онҳо изҳори тааҷҷуб карданд, ки аз 1 январ маош, нафақа ва кӯмакпулӣ ҳамагӣ даҳ фоиз боло рафтааст, дар ҳоле ки нархи маҳсулоти имтиёзнок 700-800 фоиз боло рафтааст. Пешниҳод карданд, ки аввал маош, нафақа ва кӯмакпулиро ба ҳамин миқдор зиёд карда, баъдан аз нархҳои имтиёзнок ба нархи бозор гузаранд», — гуфт хабарнигор.

Дар ҳамин ҳангом як микроавтобуси ранга пайдо шуда аз дохили он 15 марди мусаллаҳ поён меоянд, менависад нашрия аз суханони хабарнигори “Азатлык”. Танҳо баъд аз он намояндагони полиси маҳаллӣ пайдо шуда, сокинони гирдиҳамомадаро ба талоши «ошӯб» муттаҳам карда, таҳдид ба паррондан кардаанд.

Худи милисаҳо низ ба издиҳом ба таҳдид шуруъ карданд. Ба онҳо гуфтанд: «Агар шумо ҳоло ҳам ҳамин тавр ҷамъ шуда, ошӯб бардоштанӣ бошед, худро маломат кунед. Ҳамаро дар ҷои худ парронем, хешовандон ҳатто ҷасади шуморо гирифта наметавонанд. Ҳарчанд гурусна бошад ҳам, беҳтар аст, ки дар хона оромона нишинед” – овардааст сомона гуфтаҳои хабарнигорро аз суханони полис.

Полис аз он мепурсид, ки паси ин ҳама эътирозҳо кӣ истодааст? Аммо мардум иддао доштанд, ки танҳо ба хотири расонидани арзу доди худ ба ҳукуматдорон омаддаанду халос. Вале полис бо онҳо ҳамчун ҷинояткор муносибат мекард.

“Дар паси мардуми гурусна касе нест. Мо ҳатто барои харидани хӯрок пул надорем. Мо барои кумак омадем”, — гуфтаанд эътирозгарон.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here