Бар асари таркиш дар як масҷиди шаҳри Пешовари Покистон (дар шимолу ғарби вилояти Хайбар-Пахтунхва дар наздикии марз бо Афғонистон) дастикам 72 нафар кушта шуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба канали Geo.tv хабар медиҳад.
Теъдоди кушташудагон бар асари ҳамлаи харобиовари интиҳорӣ дар масҷиди серодаме дар ҳудуди як идораи полис дар Пешовар ба 72 нафар расид. Наҷотдиҳандагон субҳи рӯзи сешанбе ҷасади боз 9 нафари дигарро аз зери харобаҳо берун оварданд. Гуфта мешавад, ки 150 нафари дигар захмӣ шудаанд. Қаблан дар бораи 59 кушта ва 157 захмӣ хабар дода шуда буд.
Ба гуфтаи мақомоти амнияти миллӣ, як бомбгузори маргталаб ҳангоми намози нисфирӯзӣ дар масҷиде, ки пур аз мардум, аз ҷумла полис ва низомиён буд, маводи тарканда мунфаҷир кардааст. Дар маҳалли ҳодиса амалиёти наҷот идома дорад ва шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад. Қайд мешавад, ки ҳангоми таркиш дар масҷид шояд то 500 нафар буда бошанд.
Ба гузориши Geo.tv, гуруҳи «Таҳрики Толибони Покистон», ки дар Покистон мамнуъ аст, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.