Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар кишвари Ҷопон бо дастаи мунтахаби Мянмар бозӣ кард.
Қисми якуми вохӯрӣ бо бартарии тарафҳо ба охир расид, аммо футболбозони тоҷик тавонистанд, ки аз як вазъияти стандартӣ истифода карда, ба дарвозаи ҳариф гол зананд. Баъди партофти Парвиз Умарбоев ба ҷаримагоҳи Мянмар Комрон Турсунов бо сараш тӯбро вориди дарвоза кард.
Дар қисми дуюм Манучеҳр Ҷалилов баъди партофти Манчуеҳр Сафаров низ бо сараш голи дуюми Тоҷикистонро зад.
Бо партофти Шаҳром Самиев голи сеюми Тоҷикистонро Шериддин Бобоев ба ҳадаф расонд.
Худи Шаҳром Самиев ҳам баъди партофти Муҳаммадҷон Раҳимов тавонист, ки ба дарвозаи Мянмар гол занад. 4:0 ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 13 имтиёз шуд.
Дар бозии дигари ин гуруҳ Ҷопон бо натиҷаи 5:1 Қирғизистонро мағлуб кард ва Тоҷикистон ба зинаи дуюм баромад.
Барои ба даври дигар роҳ ёфтани Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои дигар байни дастаҳои Австралия бо Урдун, Ветнам бо АМА, Ироқ бо Эрон, Арабистони Саудӣ бо Ӯзбекистонро интизор шудан лозим меояд.