Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар гуруҳи «А» дар даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат дорад, баъди шикаст додани «Ал Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ба сарвақти «Шабоб Ал Аҳлӣ» (АМА) расид.

Нахуст шогирдони Виталий Левченко дар дидори ҷавобӣ бо дастаи се маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо «Ал Ҳилол», ки дар бозии якум бо ҳисоби 3:1 бар душанбегиҳо дастболо шуда буд, 4 гол заданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки арабҳо бо голи задаи худ дар қисми якум дар пеш буданд. Ин пирӯзии «Истиқлол»-ро нашрияҳои Осиё бо хабарҳои ҷолиб ва ситоиш аз сурхпӯшони душанбегӣ нашр карданд. Чаҳорумин вебгоҳи пурбоздид дар Эрон сайти хабарии форсии «Варзиш се», «Саудӣ спорт»-и Арабистон ва як идда аз нашрияҳои кишварҳои Осиё «Истиқлол»-ро ситоиш карданд. Баъди ин шикаст сармураббии дастаи «Ал Ҳилол» Руҷерио Миколеи бразилӣ барканор карда шуд.

«Истиқлол» баъди ин пирӯзӣ бо 7 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвал баромад ва бояд дар бозии дигар бо дастаи дигари арабӣ аз Аморат «Ал Аҳлӣ» бозӣ мекард. Тамоми 90 дақиқаи ин бозӣ бидуни гол ба охир расид. Дар тӯли тамоми бозӣ ва махсусан даҳаи охири он дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов борҳо дастаашро аз голи яқин наҷот дод. Левченко дар охири бозӣ чанд тағйирот дар дастааш кард ва маҳз бозигари тозаворидшуда Муҳаммадҷон Раҳимов дар вақти иловагӣ дар талош бо муҳофизи ҳариф ғолиб омад ва ба капитани даста партофти ҷононае кард, ки Алишер Ҷалилов бо зебоии хосе тӯбро вориди дарвоза кард. 1:0 ва «Истиқлол» дар садри ҷадвал бо 10 имтиёз мавқеашро нигоҳ дошт. Акнун футболбозони Тоҷикистон бояд бозии охирро бо «Олмалиқ» аз Ӯзбекистон низ бо пирӯзӣ анҷом диҳанд, то бо дили пур аз зинаи аввал ба даври дигар роҳхат гиранд, зеро «Ал Ҳилол» дар бозӣ бо «Олмалиқ» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд ва низ дар ҳисоби худ 10 имтиёз дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь