Русия омодагиҳоро ба музокирот бо Укроин, ки қарор аст имрӯз, 15-уми май, дар Истанбул баргузор шавад, идома медиҳад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод. “Ҷониби Русия омодагии худро ба музокирот, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе баргузор шавад, идома медиҳад” гуфт ӯ ба хабарнигорон. Дар ҳамин ҳол, ӯ нагуфт, ки аз ҷониби Русия кӣ дар ин музокирот ширкат мекунад.
Қаблан президенти Укроин Владимир Зеленский гуфта буд, ки шахсан рӯзи 15-уми май барои мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ба Туркия парвоз мекунад. Зеленский ба ғайр аз Путин бо дигар кас вохӯрдан намехоҳад, мегӯяд мушовири президенти Укроин Михаил Подоляк. Ба гуфтаи вай, ҳузур надоштани раҳбари Русия дар музокирот далели он хоҳад буд, ки Маскав ба оташбас ва муколамаи мустақим омода нест. Агар Путин ба Истанбул биёяд, ҷониби Укроин омода хоҳад буд, ки ба фармони манъи гуфтушунид бо ӯ тағйироти ҳуқуқӣ ворид кунад.
Пеш аз ин, президенти ИМА Доналд Трамп аз Укроин даъват кард, ки пешниҳоди Маскавро дар бораи музокирот қабул кунад. Вай таъкид кард, мулоқот дар Туркия ба ҷонибҳо имкон медиҳад, то фаҳманд, ки оё имкони расидан ба созиши сулҳомез вуҷуд дорад, ё на. Ҳайати ИМА бо роҳбарии котиби давлатӣ Марко Рубио озими Туркия шудааст. Шояд худи Трамп низ ба Истанбул ояд.