“Пешрафт”, як созмони ҷамъиятӣ, ки ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонони Тоҷикистон ва сармоягузорӣ ба нерӯи ниёзманди кишварро дорад, ахиран 10-солагиашро таҷлил кард.

Ин ташкилот ба қишри ниёзманд ва осебпазири Тоҷикистон кӯмак мекунад ва бо ҳамроҳии барномаи “Солеҳин” дар портали тоҷикии Ютуб миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ахиран шӯҳрати зиёдеро овардааст. Он ҳамзамон ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки ҳунар доранд ва барои муваффақият талош меварзанд.

Дар ин чорабинӣ Абдулло Қурбонов, директор ва ҳаммуассиси Алиф-Бонк, Фирдавс Шаҳидӣ ва Азамат Султанов, ҳаммуассисони стартапи финтех – Fortu Wealth, Уктам Матлабов, ноиби банки хусусии Швейтсария, Зуҳуршо Раҳматуллоев, директори Алиф-Молия дар Ӯзбекистон, ки гуфта мешавад, аз нахуст ташкилкунандагони “Пешрафт” ҳастанд, бо намояндагони мақомоти гуногуни кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.

Абдулло Қурбонов дар суханрониаш аз бурд ва пешрафтҳои ҷавонон ва ниёзашон ба чунин ташкилотҳо гуфт.

– “Пешрафт” – ин қиссаи ҷавонони масъулиятшинос ҳаст, ки ҳаракату меҳнаташон ҳазорон инсонро илҳом медиҳад. Қиссаи оташи қалбҳояшон аст. Оташе, ки дилҳои дигаронро равшан ва бедор мекунад, – таъкид дошт ҳаммуассиси Алиф-Бонк.

Матлуба Солиҳова, раиси ин ташкилот, таърихи 10-солаи “Пешрафт”-ро рӯнамоӣ кард ва аз ҳадафҳои созмони роҳбарӣ мекардааш сухан ронд.

Ӯ гуфт, мо мехоҳем, ба онҳое имкон бидиҳем, ки дар ҷомеа худро пайдо кунанд, ба пои худ бархезанд ва вақте фаро расад, ба дигарон кумак расонанд.

– Аз худ бипурсед, ки “ман имрӯз барои беҳбудии кишварам ва ҳамватанонам чӣ кор карда метавонам?”. Ин паём ба ҳар касе бахшида мешавад, ки хоҳиши кӯмак ба касеро доранд ва дар ҳаёти касе тағйироти беҳтаре ба вуҷуд овардан мехоҳанд. Ба онҳое, ки ба дастгирӣ кардан, табассум ва муҳаббат эҳтиёҷ доранд, ба онҳое, ки бе ягон сабаб дигаронро шод мекунанд, ба зиндагиашон гармӣ мебахшанд ва ғамхорӣ менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки ин паём ба ҳамаи мо – одамон, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахшида мешавад, – афзуд Матлуба Солиҳова.

Ӯ аз идомаи кори созмон ҳарф зад ва илова кард, “мо ҳанӯз роҳи дуру дарозе дорем, ҳанӯз ситораҳои зиёде ҳастанд, ки интизори навбати на танҳо худ, балки равшан кардани роҳи садҳо одамоне ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи шахсияти худнд”.

Ҳамзамон, бахшида ба 10-умин солгарди ташкилот ба як гурӯҳ ҳампаймонон ва шарикон ва ононе, ки пешрафти “Пешрафт” хидмат кардаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, созмони ҷамъиятии “Пешрафт” ахиран бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор барои 250 нафар кӯдакони нобино ва сустбинон кӯмак расонид.

“Пешрафт” ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳа ба маблағи умумии 10,697,92 евро ба кӯмакрасонӣ мепардозад.

Дар ин авохир, барои беҳтар намудани шароити таълим ва зиндагӣ дар мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб, ки 157 нафар писарони аз 6 то 17-сола таҳсил мекунанд, БАТР ва “Пешрафт” як ҳуҷраи компютериро бо 12 компютери фардӣ муҷаҳҳаз намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here