27-уми апрел дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа бо иштироки сокинон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Салоҳиддин Раҳматов муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Мирзоева Қурбонҷон котиби аввали Ҳизби Комунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Санавваров Ғолиб устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Қаҳҳоров Комрон сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шодӣ Одиназода сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди босуръати илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо фикрҳои гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва зиддиятҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад.

Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб,  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандии мо аҳамият пайдо намудаанд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки бояд дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.

Дар поёни вохӯрӣ Қосимова Каромат Маҳмудовна раиси шӯрои собиқадорони шҳар ба ташкилкунандагони вохӯрии мазкур изҳори сипос намуда, баргузории чунин вохӯрии муҳимро дар пешгирии падидаҳои номатлуб саривақтӣ донистанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь