Дар Перу тазоҳуроти оммавӣ бо талаби фаврии интихоботи президентӣ идома дорад. Дар шаҳри Андахуайлас эътирозгарон фурудгоҳро ишғол карда, чанд терминалро оташ заданд. Дар ҷараёни эътирозҳо як нафар кушта ва дастикам даҳ нафар маҷруҳ шуданд.
Ширкати давлатии идоракунанди фурудугоҳ Coprac иттилоъ дод, ки фурудгоҳ бинобар эътирозҳо бояд баста шавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, эътирозгарон толори интиқол, анбори сӯзишвориро оташ зада, терминали фурудгоҳро, ки дар он 50 афсари пулиси Перу ва коргарони Coprac ҳастанд, иҳота карданд. Ширкат қайд кард, ки ҳамаи ин афрод “гаравгонанд” ва аз пулис кумак хостаанд.
Пулиси Перу гуфт, ки яке аз эътирозгарон дар ҷараёни тазоҳурот дар фурудгоҳ кушта шудааст. Як афсари интизомӣ низ захмӣ шудааст, ки бо ашёи кунд ба ӯ зарба зада шудааст.
Эътирозҳо дар Лима, Апуримак, Кажамарка, Арекипа, Ламбек, Ика идома доранд. Бар асари эътирозҳо дасти кам даҳ нафар маҷруҳ шудаанд.