Рисолаи илмии Холмаҳмад Раҳимӣ, «Ҷустор дар шинохти шеъри Лоиқ» ном дорад, дар арафаи солрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интишор гардид.

Монография аз се боб иборат буда, дар боби аввали он  «Вазъи адабии солҳои шастуми садаи бист ва вижагиҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ» муҳаққиқ қадамҳои аввалини шоирро дар ҷодаи эҷод аз он рӯзгор меҷӯяд ва таъкид бар он дорад, ки Лоиқ ҳарчанд монанди шоирони муосираш дар ҳамин гуна муҳит мезисту эҷод мекард, вале осори давраи аввали эҷодиёташ гувоҳ аст, ки ба воқеият диди хосе дошт. Ашъори дар нахустин маҷмуааш «Сари сабз» гирд омада , нишон медиҳад, ки Лоиқ  аз оғоз аз зикри сатҳию беобуранги зоҳири воқеаю рӯйдодҳо, шӯру валвалаи даъват ба кор, ба пахтачинӣ, васфи дилбазани пешвоёни сиёсӣ, тамҷиди дастовардҳоли моддиву маишии истеҳсолӣ даст кашида, дарк ва таҳлилу таҳқиқи амиқи моҳияти масъалаҳои иҷтимоиву маънавӣ ва ифшои ҳолатҳои равониву ахлоқии инсонро ҳадафи эҷодӣ қарор додааст.

Дар боби дуюми китоб «Хусусиятҳои эҷодиёт ва ҳунари шоирии Лоиқ» пажӯҳиш гардида, омили муҳимми афзалиятноки Лоиқ дар инъикоси мавзуву масъалаҳо вусъати беандозаи тафаккури лирикии ӯ шинохта шуда, тафаккури лирикии шоир, эҳсоси воҳид ва таҷрибаи шеърӣ ҳамчун як ришта пайвандгари тасвирҳо ва офарандаи сохтори дарунии шеъри Лоиқ маънидод мешавад.

Навҷӯиҳои Лоиқ дар навъҳои шеърӣ» муҳтавои боби сеюми рисоларо фарогир аст. Фасли аввали он зери унвони «Шеъри нав ва ҷойгоҳи он дар эҷодиёти Лоиқ» бештар қобили таваҷҷуҳ буда, аз баҳси шеъри нав, саромадони он дар Тоҷикистон оғоз шуда ва аз натиҷаи пажӯҳиш бармеояд, ки доир ба пайдоиш ва аввалин шеъри нав дар адабиёти тоҷик то ба имрӯз назари ягона ва собит вуҷуд надорад.

Рисола ба сифати махзани муҳим ва пурарзиши илмӣ барои пажӯҳишҳои дохил ва хориҷ дар шинохти шеъри Лоиқ хизмат хоҳад кард.

Шодравон Холмаҳмад Раҳимӣ беш аз 20 сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, соли 2019 дар мавзуи «Ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодиёти ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Монографияи ӯро зери унвони «Ҷустор дар шинохти шеъри Лоиқ» раёсати донишгоҳ ва ҳамкорон ба чоп омода намуданд, то аз натиҷаи ковишҳои илмии шодравон донишҷӯён ва аҳли таҳқиқ баҳра бардоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь