Пас аз ду соли таваққуф роҳҳои ҳавоии Тоҷикистону Чин боз шуд. Аз ин пас ширкатҳои ҳавоии ду кишвар ба навбат парвоз анҷом хоҳанд дод. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Зиёдулло Шарифов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон ва Чин барои амалӣ намудани як парвоз дар ду ҳафта ба мувофиқа расиданд. Дар як ҳафта ширкати ҳавопаймоии Чин ва ҳафтаи баъдӣ ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд.
– Нахустин парвоз миёни Тоҷикистон ва Чин дар масири Урумчӣ – Душанбе – Урумчӣ аз ҷониби ширкати чинии «China Southern Airlines» 24 июн анҷом дода мешавад. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» минбаъд дар ин масир парвозҳоро барқарор менамояд, – мегӯяд Шарифов.
Маълум нест, ба дигар масирҳо байни Тоҷикистон ва Чин кай парвозҳо барқарор мешаванд ва ҳамчунин нархи чиптаҳо чанд сомонӣ арзиш доранд.
Ёдовар мешавем, шуруъ аз авали соли 2020 бар асари хуруҷи COVID-19 парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Чин қатъ гардида буданд.