Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент дар соли 2018 нисбати 552 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ парванда оғоз карда, онҳоро ба маблағи 68950 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора сардори ин муассиса Амриддин Темиров иттилоъ дод.

Ҷаноби Темиров, ҳамзамон гуфт, дар соли сипаригардида, фаъолияти 38 иншоот муваққатан то ислоҳи камбудиҳо боздошта шуд, ки аз он 10 нуқтаи хӯроки умумӣ, 2 нонвойхона, 2 нуқтаи таъмири асбобҳои рӯзгор, 11 муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ, 3 кошонаҳои ҳусн, 4 нуқтаи савдои гӯшт ва ғайра мебошанд.

– Дар вақти санҷишҳо аз дӯконҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои шаҳр 1079,935 кг ва 322,805 литр маҳсулот ва нӯшокиҳои пастсифат ошкор ва аз фурӯш боздошта шуданд, – иттилоъ дод сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент Амриддин Темиров.

Муассисаи мазкур дар соли 2018-ум  329 муроҷиати шахсони воқеивуа ҳуқуқӣ ва 4 аризаи шикоятии шаҳрвандонро ба қайд гирифта, мавриди баррасӣ қарор додаааст.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь