Ба муносибати Рӯзи президенти Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр баргузор мегардад, дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент якҷо бо МИҲД ҳамоиш доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Панҷакент ХолиқзодаАбдухолиқ Санавбар, собиқ вакили МО иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Шириншо Шафоатов, намояндагони ҳукумат, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолони ҳизбу шаҳру деҳоти Панҷакент ширкат карданд.
Мурод Шукурзод,а раиси ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ин ҳамоишро оғоз ва як нутқи муфассал аз таъсиси Рӯзи президент карда, ҳозиринро шодбош гуфт. Ҳамчунин, Абдухолиқ Холиқзода, Шириншо Шафоатов, Бобо Солеҳзода, раиси конфедератсияи иттиҳоди журналистон дар шаҳри Панҷакент, Маҳбуба Ҳабибӣ, собиқ муовини раиси шаҳри Панҷакент ва чанд нафари дигар низ баромадҳо намуда, оид ба хидматҳои президент дар пешрафти ҷомеъаву кишвар суханронӣ карданд.
Шоҳини Равшан