Усули корбарии нав ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуну пайдарпай ва фаъолияти хуби Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент имкон додааст, ки навбатпойии мардум барои гирифтани шиноснома ба маротиб коҳиш ёфта, дараҷаи хизматрасонӣ то ба андозае боло равад.

Майори милитсия Ҳалимзода Далер, сардори шӯьбаи ХШБ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент, мегӯяд, солиёни қабл бинобар набуди шароити хуби корӣ ва мушкилоти техникӣ дар шӯъба навбатпойии зиёди мардум ҳафтаҳо давом мекард. Ин ҳолат боиси афзоиши арзу шикояти корафтодагон низ гардида буд.

– Мо ҳамроҳи роҳбарият ва кумаки мақомоти болоӣ тасмим гирифтем, ки барои хидмати хубу саривақтӣ ва фароҳам овардани шароитҳои замонавӣ як бинои наверо барои мардуми шаҳру деҳоти Панҷакент бунёд созем. Дар ниҳоят ин бинои наву замонавӣ омода ва ба хидмати мардум гузошта шуд, – гуфт Ҳалимзода.

Дар ҳақиқат ҳоло мардуми корафтода дар офтоби сӯзон соатҳо барои гирифтани шиноснома рост намеистанд. Бунёди ин бино имкон додааст, ки дар толорҳои барҳаво мардуми корафтода то расидани навбаташон роҳат нишаста, сипас кори хешро ба анҷом расонанд. Ҳалимзода мегӯяд, онҳо тибқи дастури роҳбарияти болоӣ додани шиносномаҳои миллиро барои хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таьлимӣ дар худи мактабҳо тибқи дархости роҳбарият ба роҳ мондаанд. Ин усул имкон додааст,ки хонандагон чанд маротиба саргардон шуда ба шӯъба наоянд, зеро ҳамаи амалиётҳо тибқи ҷадвали муқарраршуда анҷом дода мешаванд. Навбатпоиву дар як ҷой ҷамъ омадани хонандагон низ дигар бо ин усул аз байн рафтааст.

Ҳалимзода афзуд, ки баъди анҷоми чунин чорабиниҳо ва таблиғоту ташвиқот миёни корхонаву муассисаҳо аз ҷониби кормандон навбатпойиҳои пурҳангомаи замони пешин ба куллӣ аз байн рафт. Ҳоло ба гуфтаи ӯ ба ҳисоби миёна дар як рӯз чил-панҷоҳ нафар корафтода ба шӯьба муроҷиат намуда, дераш дар тӯли ним соат ҳоҷаташонро бароварда мекунанд.

Комрон Саидов, як тан аз корафтодагон, мегӯяд:

– Ман понздаҳ рӯз қабл барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷатҳоямро бе ягон мушкилот супорида будам. Имрӯз ҳам бидуни навбатпойиву душворӣ шиносномаамро гирифтам.

Чанд лаҳзае,ки мо дар хадамот будем, шоҳиди он шудем,ки дар ҳақиқат мардум бо навбат дар ин ё он дафтари корӣ даромадаву аснодашонро месупориданд, ё зуд мегиранду мераванд.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь