Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, минбаъд барои гирифтани шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ, дар зери барфу борон ва офтоби сӯзон нахоҳанд истод. Ба хотири аз байн бурдани ин мушкил, бо ибтикори ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент ва дастгирии молии ҳукумати маҳаллӣ ва ёрии техникии ВКД як бинои замонавӣ дар паҳлӯи бинои милитсия сохта ба истифода дода шуд.
Ба ин муносибат пеш аз ифтитоҳи бинои мазкур, бо ширкати сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал майори милитсия Абдулло Навҷувонов, раиси шаҳри Панҷакент Зиёзода Ислом ва ҳайати шахсии кормандони милитсия ва фаъолону ҷанговарони интернатсионалист, як ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакент Ҷаъфарзода Мансур оғоз карда, суханро ба сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов дод. Навҷувонов гуфт, ки милитсия ин халқ аст, аз ин хотир барои ҳарчӣ бештар хидмати хуб намудан ба халқ, кормандон бояд кӯшиш кунанд. Намунаи ин ифтитоҳи бинои мазкур мебошад, ки он имкон медиҳад, хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Панҷакент, барои халқ хизмати шоиста кунад.
– Умед бар он мебандем, ки кормандони ин шуъба сазовории боварии халқ мегарданд, – гуфт Навҷувонов.
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода дар баромади хеш зикр кард, ки бинои мазкурро сохтмончиёни ПМК -278, дар муддати як сол бо сифати аъло, ба анҷом расонданд.
Бинои мазкур бо фармоиши идораи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳр бунёд гардида, аз чор утоқи корӣ, ду толори интизорӣ, як ҳуҷраи бойгонӣ иборат аст.
Дар охир, баъди буридани лентаи рамзӣ, меҳмонон ва ширкаткунандагони ҳамоиш бо шароитти кории бинои мазкур шинос шула, ба сифаи он баҳои баланд доданд.
Шоҳин Облоқулзода