Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 65-солагии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, шашмақомсарои маъруф, шодравон Олим Бобоев бо зиёрати марқади ӯ, баргузории конфронси илмӣ-амалӣ, маросими номгузории Кохи фарҳанги шаҳр ба номи ин овозхони мумтоз, пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ ва нимпайкарааш дар даромадгоҳи ин кохи муҳташам, маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Гулбонги “Шашмақом” бо иштироки санъатшиносон ва аҳли адабу фарҳанг ва ҳаводорони ҳунари нотакрораш аз шаҳри Душанбе, маркази вилояти Суғд ва шаҳр баргузор шуд.
Дар суханронии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, санъатшиносон, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, бастакори номвар Қудратулло Яҳёев, корманди шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Убайдуллоев, раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назира Ғайбуллозода ва дигарон аз хидматҳои мондагори Олим Бобоев дар рушди “Шашмақом”, эҷоди оҳангҳои марғуб аз ҷониби ӯ, вижагиҳои сабку услуби овозхонӣ, интихоби матнҳо бар осори шоирони классик ва муосири тоҷику форс, муаррифии мусиқии классикии тоҷик дар озмуну ҳамоишҳои байналмилалии мусиқӣ, маъруфият дар байни ҳаводорони сершумор, мактаби овозхонииаш ва дигар ҷанбаҳои эҷодиёт ва шахсияти шодравон ёдоварӣ шуд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро дар баргузории он ва нашри маҷмӯаи мақолаю ёддоштҳо дар бораи ин ҳунарманди нотакрор ва озодманишро бо номи “Ҳунарваре аз табори озодагон”, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба номи Олим Бобоев номгузорӣ шудани Кохи фарҳанги шаҳрро иқдоми шоиста дар роҳи бузургдошти ҳунари овозхонию бастакории ӯ, арҷгузорӣ ба шоҳасари безаволи мусиқии “Шашмақом” унвон намуданд.
Таъкид шуд, ки ба василаи баргузории конфронс ва маҳфили адабӣ- фарҳангӣ бо ёдоварӣ аз зиндагинома ва ҳунари нотакрори Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шодравон Олим Бобоев, ҳамзамон арҷгузорӣ ба шоҳасари мондагори «Шашмақом» ифода ёфта, аҳли ҷомеъа ба гиромидошт ва ҳифзи фарҳанги волои гузаштагон ҷалб карда мешавад.
Дар Кохи фарҳанги шаҳр, ки аз ин ба баъд номи хунёгари беҳамто Олим Бобоевро дорад, маҳфили ҷолиби ҳунарӣ бо бозхонии сурудҳои ӯ бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар ва шаҳр баргузор шуд.