Имрӯз раиси ноҳияи Панҷ бо соҳибкорони ноҳия вохӯрӣ анҷом дода, оид ба саҳми онҳо дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёна ва кам саҳм гузоштани баъзе соҳибкорон дар корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар суханронӣ кард.

Муовини раиси ноҳия Нидозода Болта дар ин вохури қайд кард, ки айни замон тарқи “Равзанаи ягона” дар миқиёси ноҳия 6 ҳазору 501 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020-ум 518 адад зиёд мебошад.

– Соли ҷорӣ 1 ҳазору 216 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 1048 нафар бо патент ва 170 соҳибкор бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ки аз  ҳисоби онҳо ба буҷети ноҳия 2 миллиону 36,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои андоз ворид гардидааст, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби филиалҳои бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорони ноҳия 39,1 миллион сомонӣ қарз дода шудаст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхоҷа зикр кард, ки аз 110 иншооти ҷашниии ба нақша гирифташуда 89 дарсадаш аз ҳисоби соҳибкорон аст, ки аксари онҳо сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Раиси ноҳия илова кард, ки барои соҳибкорон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда шудааст  ва дар оянда низ фароҳам хоҳад буд, аз ин рӯ,  бояд соҳибкорон саҳми худро дар корҳои ободонӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ,  муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳои маҳалӣ ва дигар иншоот саҳми арзанда гузоранд.

Қайд карда шу,д барои истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, ки рӯзҳои ба шумор боқӣ мондаанд, корҳо боз ҳам ҷоннок карда шаванд.

Дар охири вохӯри аз ҷониби раиси ноҳия ба чанд соҳибкори фаъол ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь