Як марди 41-солаи сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ дар пайи муноқиша бо хушдори 21-солаи духтараш бо корд гардани ҷавонро буридааст. Ҷавон дар роҳ ба беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса шоми дирӯз, 14-уми январ, дар хонаи падари духтар рух додааст ва ҷанозаи Хуршед Ғолибови ҷавонмаргро соати 10-и имрӯз дар қабристони деҳа ба хок супоридаанд.

Як сокини ҷамоати Озодагон аз падари духтар Нуров Нур ном бурда, дар як тамоси телефонӣ гуфт, ҷавонҳо бо ҳам ҳамсояанд ва ба ҳамдигар таваҷҷӯҳ доштаанд. Волидони Хуршеди ҷавонмарг қаблан ду маротиба духтарро хостгорӣ кардаанд, вале падари духтар розӣ нашудааст. Бино ба нақли манбаъ, падар духтарашро ба як хеши дурашон аз деҳаи ҳамсоя номзад кардааст. Ҷавони ошиқ аз амали падари дӯстдухтараш норозӣ шуда, номзади ӯро ба хонаи падари духтар даъват кардааст, то аз қазияи ошиқии онҳо бохабар шавад ва бо ин роҳ аз ақди никоҳ бо духтар  мунсариф шавад. Аммо бадбахтона, ин амали ҷавони ошиқ бо марги ӯ анҷом ёфтааст. Падари духтар сари ҷаҳлу хашм ҷавони хундарҷӯши ошиқро ба хона медарорад ва бо истифода аз корди хоҷагӣ гулӯяшро мебурад.

Аз ШВКД ноҳияи Панҷ вобаста ба ҷузъиёти ҳодиса маълумоти бештар надоданд ва танҳо иттилоъ доданд, ки  айни ҳол гумонбаршуда дар куштор Нуров Нур дар боздоштгоҳи ШВКД қарор дорад ва вобаста ба ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь