Дафтари кори Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Панҷ дузд задааст. Ғоратгарон аз бинои нави ин ҳизб телевизор, ноутбук, 2 адад компютер бо 2 мониторро ба яғмо бурдаанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзизода дар суҳбат ба “Фараж” дуздии таҷҳизоти кории идораашонро тасдиқ карда гуфт, ки ҳодиса шаби 15-уми марти соли равон рух додааст.
– Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Аз ҷониби мақомоти милиса тафтишот идома дорад. Ташхисгарони соҳа изи дасти дуздонро гирифтаанд, аммо бо гузашти қариб як моҳ ҷиноят ошкор карда нашудааст. Таҷҳизоти кории дуздидашуда куҳна буданд ва ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд. Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем ва то ҳануз бино дурбинҳои назоратӣ надошт, – иброз кард раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода.
Сардори маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Офоқ Қодириён дар суҳбати телефонӣ аз ҳолати дуздӣ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт дар ин бора ба ӯ маълумот нарасидааст.
Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ Баҳром Шокирзода дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ, пас аз муаррифӣ ва изҳори матлабамон, телефонашро қатъ кард.
Ёдовар мешавем, қаблан ҳам дуздии ашёҳо ва таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус ва Кушониёни вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҳон Шаропов дуздии аз бинои ҳизбро дар ноҳия, дар тобистони соли гузашта, тасдиқ карда гуфт, милиса аз рӯи сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашуда ба онҳо баргардонида шудаанд.