Сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ барои бераҳмона бо болға ба сару тани падар кӯфтану куштани ӯ 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид

Тибқи иттилои Мирзозода Неъмат, судяи суди вилояти Хатлон, 7- уми июни соли равон Исанқулов Муҳаммадҷон Муродович ҳамроҳи падараш Аваз Бӯстонов  машруботи спиртӣ нӯшида бо мақсади иваз намудани ҷойи чарогоҳи чорвояш болғаро гирифта ба чарогоҳ меравад. Зимни баргашт падараш  дар хусуси ҳамсару фарзандони аз хона рафтааш сӯҳбат  карда,  аз ӯ хоҳиши аз хонаи падарарӯсаш ба хона баргардонидани келину набераҳояшро мекунад, ки ин ғазаби писарашро оварда, онҳо бо ҳам муноқиша мекунанд.

– Исанқулов Муҳаммадҷон  дар ҳолати мастӣ ва ғазаб ба тарафи рости сари  падараш бо болғаи дар дасташ буда, як зарбаи сахт мезанад, ки падараш аз ҳуш меравад. Ӯ ба ин қонеъ нашуда, бо як бераҳмии махсус чанд зарбаи дигар ба сару руй ва тану  дастони падари аз ҳуш рафтааш мезанад, ки дар натиҷаи ин зарбаҳо  падараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, – изҳор дошт судя.

Ҳамин тариқ аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, ӯ бо ҳукми судяи суди вилояти Хатлон 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.

Хоҳарони Исанқулова Муҳаммадҷон баъди ин ҳодиса ҳама гуна иртиботро бо ӯ қатъ намудаанд ва бо ҳукми суд розӣ буда, ба он назаранд, ки қотили падарашонро ҳаргиз намебахшанд.

Тибқи иттилои ба дастомада, Исанқулов Муҳаммадҷон чанд соле пеш бо ҷурми доғ овардан ба номуси ҷавондухтаре зиндонӣ шуда, баъди озод шудан чанд мудат ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафта, тайи солҳои охир ҷое кор намекард ва аз ҳисоби падараш зиндагияшро пеш мебурд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here