Аз оши палави солинавӣ 4 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ҳалок шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз вилояти Суғд хабар медиҳад, ки 30-юми декабр, соати 14, дар махаллаи 19, дар хонаи 5  ҳашт нафар сокини  шаҳри Хуҷанд  барои  ҷашн гирифтани Соли нав ош тайёр кардаанд, аммо аз тановули ин ош ҷони худро аз даст доданд. «Баъди тановул кардани ош онҳо бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи №1 шаҳри Хуҷанд бурда шуданд. Чор нафари онҳо вафот кардаанд ва чор нафари дигар дар беҳморхонаи  мазкур бистарӣ гардиданд», – гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти ВКД.

Гуфта мешавад, ки тафтишот идома дорад ва сабабҳои заҳролудшавии сокинони шаҳри Хуҷанд пас аз истеъмоли палав муайян хоҳад шуд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь