Роҳбарияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, ки дар як соли гузашта дар вазорату идораҳо, гуруҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 аудити молиявӣ гузарониданд ва дар ҳаҷми 252,2 миллион сомонӣ зарар ошкор карданд.

Чорабиниҳои аудитии ин ниҳод назар ба соли 2019-ум 36 адад кам, вале, ба гуфтаи масъулин, ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ бештар зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.

– Аз маблағҳои умумии зарари молиявии ошкоршуда хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 2,8 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 миллион, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшшудаи андозҳо 51,3 миллион, пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои дигар 38, 4 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат таааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – гуфт раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллахонзода.

Ба иттилои Палатаи ҳисоб, аз камбудиҳои молиявии ошкоршуда ба сохторҳои зертобеи Вазорати маориф 10,8 миллион сомонӣ, Вазорати молия 810 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёт 440 ҳазор сомонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об 499 ҳазор сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 134 ҳазор, Вазорати саноат ва техналогияиҳои нави Тоҷикистон 2,4 миллион, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135 ҳазор сомонӣ, Вазорати фарҳанг 136 ҳазор, Кумитаи дин 494 ҳазор сомонӣ, Кумитаи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,7 миллион сомонӣ, Агентии омор 387 ҳазор сомонӣ, Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 5,7 миллион сомонӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5,2 миллион ва сохторҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” 1,8 миллион сомонӣ рост меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь