17-уми декабри соли равон дар бинои Театри Лоҳутӣ маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” аз рӯи шаш номина – “китоби назм”, “китоби наср”, “китоби публисистӣ”, “китоби назми бачагона”, “китоби насри бачагона” ва “тарҷумаи адабӣ” ҷамъбаст гардид.
Инчунин дар ин маросим чсанд намунаи китобҳои тозанашр низ ба фурӯш гузошта шуд.
Дар озмуни мазкур иштирокчиёни асарҳои назму насри тоҷик бо эҷодиёти худ, ки соли 2021 ба нашр расонидаанд, иштирок карданд.
Барои ғолибон диплом ва маблағ тақдим гардид. Ҷои аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуввум 1000 сомонӣ ва ба ҷойи севвум 500 сомонӣ ва диплом насиб гардид.
Дар озмуни мазкур ҳаҷвнавис ва рӯзноманигори “Фараж” Холиқназар Ҷумъазода низ ширкат кард. Ҷумъазода аз рӯи номинаи “Китоби наср” сазовори ҷойи сеюм шуд. Рӯзноманигор ба ин озмун китоби “Биё, ки фолат бинам”-и худро ки моҳи апрели соли равон нашр шуда буд, пешниҳод карда буд.
Китоби мазкур маҷмӯи латифаҳо ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар мегирад, ки аз зиндагии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин сӯҳбат бо мардум гирд оварда шудааст.