Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни “Хушдомани беҳтарин” баргузор гардида, ғолибони озмун бо сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд, ки бо мақсади амалигардонии  “Барномаи рушди оила барои солҳои 2024-2028” ва «Нақшаи амалии он барои солҳои 2024-2026”, ҷиҳати таҳкими оила ва масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, нақши оила дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзанд, муносибатҳои хушдоман бо келин тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандустию меҳанпарастӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 15 октябр дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озмуни ноҳиявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд-боғи падару модар”  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, намояндагони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва намояндагон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Қурбонзода Қурбоналӣ зимни баромади худ қайд намуд, ки оила як рукни муҳими ҷомеа буда, солимии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад, аз ин рӯ насли калонсол бояд  дар таҳкиму устувории оила саҳмгузор бошанд ва насли ҷавон бояд ҳурмату эҳтироми бузургони хонаро риоя кунанд.

Сипас ғолибон аз рӯйи низомномаи баргузории озмун муайян гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар охир иштирокчиёни озмун аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь