4–уми феврали соли равон вебгоҳи Farazh.tj дар хусуси озмуни  эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар такя ба маълумоти сармуҳаррири муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”  Назар Назаров иттилоъ пахш карда буд. Интизор мерафт, ки натиҷаи озмун 1-уми апрел эълом мешавад. Тавре сармуҳаррири муассиса ба хабарнигори Farazh.tj  гуфт, ҷамъбасти озмун ба дигар рӯз гузошта шудааст. 

– Алҳол 6-7  филмномаи филми ҳунарии таърихии Шоҳ Исмоили Сомонӣ пешниҳод шудааст, ки  барои омӯзиш ба Иттифоқи нависандагону ҳайати мушовараи муассиса равон кардем. То ҳол намуна барои филмномаи филми мустанади 30 соли Истиқлолият пешниҳод нашудааст, – мегӯяд Назар Назаров.

– Бино ба сабаби кам будани сенарияҳо ҷамъбасти он то ба 16-уми ноябр мавқуф гузошта шуд.  Озмунҳои ҷумҳуриявии ”Тоҷикистон ватани ман аст”  ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” низ дар ҳамин сана ҷамъбаст мешаванд. Ба хотири зиёдтар ворид шудани филмномаҳо муҳлати ҷамъбасти озмунро дароз кардем, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь