Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз вилояти Хатлон 109 нафар ғолиби даври вилоятӣ иштирок карда, шоҳҷоиза, 16 ҷойи намоён ва 30 ҷойи ифтихоиро ба даст овардаанд.
Иштироки фаъолонаи имсолаи ғолибони даври вилоятии озмуни “Фуруги субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи ҷумҳурӣ назаррас буд. Маҳз ба ин хотир, Шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии рақами 8-и ноҳияи Данғара соҳиб гашт. Омодагии ҷиддӣ ва роҳхат гирифтани шахсони арзанда ба даври ҷумҳуриявӣ боис шуд, ки 17 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Бахусус, як нафар Шоҳҷоиза ва ду нафар ҷойи 1, ҳафт нафар ҷойи 2, ҳафт нафар ҷойи 3 ва беш аз 30 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Ғолибонро дар сатҳи вилоят хуш истиқобл намуданд.
Ғолибони даври вилоятӣ дар озмун дар панҷ бахш – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср доир гардид, ки иштирокдорон барои зинаҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоиза байни ҳам рақобат намуда, онҳоро ба даст оварданд. Дар ин хусус аз дафтари матбуотии вилояти Хатоон иттилоъ доданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.