Таърих борҳо исбот кардааст, ки ҳифзу нигоҳ доштани истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Бояд ба ҳама гуна озмоишҳо омода бошӣ, ва тамоми мушкилиҳоро паси сар намуда тавонӣ. Тақдир чунин буд, ки Озарбойҷон тайи як аср ду маротиба имконияти ба даст овардани истиқлолиятро дошт.

Мутаасифона, бори аввал ин имконият ба сабаби дахолати беруна, муқовимати дохилӣ ва ноустувории умумии сиёсӣ аз даст рафт. Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон, ки соли 1918 ба вуҷуд омада буд, ҳамагӣ 23 моҳ умр дошт. Бори дуюм чунин вазъ танҳо пас аз 70 сол ба вуқуъ пайваст. Фурӯпошии салтанати Шӯравӣ ба Озарбойҷон имкон дод, ки истиқлолияти аз дастрафтаи худро дубора барқарор намояд.

18 октябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон «Санади конститутсионӣ дар бораи истиқлолияти давлатии Озарбойҷон» қабул шуд, ки бо ин санади муҳими таърихӣ мардуми Озарбойҷон пас аз интизории чандинсола ба озодии мутлақ расид!

Соли 1991… Рӯзҳои гузаштаи пур аз дарду ғазаб ва интизориҳои мардум… Нооромии халқи дар майдонҳо гирдомада ба авҷи худ расид. Озодиро ҳис намуда, мардум барои наздик кардани он ба ҳама кор тайёр буданд.

Ин ҳамон мардуме обутобёфтае буд, ки дар гирдиҳамоии чандинсоата дар майдонҳо моҳи январи соли 1990 иштирок карда буданд ва даҳшатҳои он рӯзҳоро дар хотир доштанд.

Тонкхои давлатӣ дигар натавонистанд роҳи озодиро бибанданд. Озарбойҷон, ки барои мубориза дар роҳи истиқлолият садҳо писарону духтарони худро аз даст дода буд, собитқадамона ба сӯи ҳаёти нав пеш мерафт. Ва ниҳоят, ин рӯзи деринтизор фаро расид! Тирамоҳи соли 1991 пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва қабули Санади Конститутсионӣ дар бораи истиқлолияти давлатӣ, дар таърихи Озарбойҷон давраи нав оғоз шуд.

18 октябри соли 1991 Санади конститутсионӣ «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон» қабул шуд. Дар санади конститутсионӣ истинод ба Эъломияи истиқлолият аз 28 майи соли 1918 ва Эъломияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон «Дар бораи барқарорсозии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон» аз 30 августи соли 1991 оварда шуда, мукаррар карда шуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон вориси Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон мебошад. Бадин тариқ, халқи Озарбойҷон дар асоси Санади Конститутсионӣ «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон» 18 октябри соли 1991 истиқлолияти худро барқарор кард.Ҷумҳурии Озарбойҷон истиқлоли худро эълон намуда, мавҷудияташро (ҳастии худро) дар вазъияти ниҳоят душвори таърихӣ оғоз намуд. Истиқлолияти онро Туркия (9 ноябри соли 1991), баъдан Руминия (11 декабри соли 1991), Покистон (13 декабри соли 1991), Шветсия (23 декабри соли 1991), Эрон (25 декабрисоли 1991), ИМА (23 январи соли 1992) Россия (10 апрели соли 1992) ва ғ. ба расмият шинохтанд. 2 марти соли 1992 Озарбойҷон узви СММ шуд. Аз ҳамон рӯз эътирофи воқеии он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз ёфт.

Аммо баъди 2 соли эълони истиқлолият хатари аз даст додани он ба вуҷуд омад. Ҷанги Якуми Қарабоғ, ки дар натиҷаи таҷовузи қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ба амал омада буд, сиёсати аблаҳонаи баъзе роҳбарони давлатҳо, фитнагариҳои дохилии сиёсӣ — ҳамаи ин ба мавҷудияти ҷумҳурии ҷавони соҳибихтиёр таҳдид мекард. Аммо баъди ба сари қудрат омадани шахсияти барҷастаи сиёсӣ, пешвои хирадманд Ҳайдар Алиев ин хатар аз байн рафт. Пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев, ки Озарбойҷонро вориси аввалин ҷумҳурии демократӣ дар Шарқи Мусулмон эълон карда буд, ба корҳои азиме дар бунёдгузории давлат оғоз кард. Дар натиҷаи саъйю талошҳои пешвои бузург дар як муддати кӯтоҳ, садои Озарбойҷон аз минбари ташкилотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ шунида шуд. Бо ифтихор аз он, ки истиқлолият сарвати бебаҳост ва дар сарнавишти таърихии халқ нақши беандоза дорад, Ҳайдар Алиев истиқлолияти Озарбойҷонро абадӣ ва бебозгашт гардонд.

Имрӯз саъю талошҳои пешвои бузургро дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлолият, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев идома доранд. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти бисёрҷонибаи пешвои умумимиллӣ, Озарбойҷон та

Блоки рекламавӣ