Таърихи ҷаҳонӣ воқеаҳои зиёдеро аз сар гузарондааст, ки дар саҳфааш бо хати гулгун дарҷ ёфтаанд. Чунин ҳодисаҳо хоҳ ҷангу низоъ бошаду, хоҳ дигар таҳаввулоти қатъӣ, дар афкори чандин наслҳо осори худро мегузоранд. Як рӯзи моҳи январ аз зумраи чунин рӯзҳои нобарор ва сангин барои мардуми Озарбойҷон ва умуман кулли башарият буд.

Фоҷиаи моҳи январ дар хотираи мардум ҳамчун як ҳодисаи хунин, як рӯзи мотам, ва ҳамзамон ба мисли қуллаи фидокорӣ ва қаҳрамонии таърихии халқи Озарбойҷон нақш ёфт. Бо вуҷуди қурбониҳои зиёди интиҳои аср, халқи Озарбойҷон ифтихор аз он дорад, ки дар ин рӯзҳои озмоиш, мардонагию ҷасорат, иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ нишон дод. Аз ҳодисаҳои хунини 20 январи соли 1990, ки рамзи истиқлолият, озодӣ ва тамомияти арзии Озарбойҷон гардид, 33 сол сипарӣ мешавад.

Дар он рӯзҳои фоҷиабор писарону духтарони шуҷои Ватан, ки барояшон озодӣ ва шаъну шарафи кишвар ва мардум аз ҳама муҳимтар буд, ҷони худро фидо карданд ва ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Озарбойҷониҳо ин қатли оми мардуми осоиштаро шаби 19 ба 20 январи соли 1990 “Январи сиёҳ” номиданд.

Тибқи омори расмӣ, дар натиҷаи амалиёти муҷозотӣ 131 нафар кушта, 744 нафар ҷароҳат бардошта, 841 нафар ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Сарбозон одамонро саркуб мекарданд, бо тонкҳову мошинҳои зиреҳпӯш қасдан автомашинаҳоро зер намуда, шаҳрвандони осоиштаи дохили онҳоро мекуштанд, беморхонаҳоро тирборон намуда ба кори пизишкон барои ёрии тиббӣ монеа мешуданд.

Элон намудани вазъияти фавқулодаи ғайриконститутсионӣ дар Боку, ворид намудани қушунҳои Шӯравӣ ва қасдан истифода намудани чораҳои ҷазодиҳӣ ба муқобили аҳолии осоишта тавассути техникаи вазнини низомӣ ва аслиҳаи марговар ҷинояти зидди башарият буд.

“Январи сиёҳ” ба суқути Ҳокимияти Шӯравӣ дар Озарбойҷон ва оғози фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ овард. Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, узви собиқи Бюрои Сиёсии Шӯравӣ Михаил Горбачёвро шадидан интиқод карда, ӯро дар раҳбарӣ намудани ин ҷинояти манфур иттиҳом намуд.

Вай ба намояндагии доимии Озарбойҷон омада, ба халқи Озарбойҷон изҳори ҳамдардӣ намуд. Ӯ дар баромади худ таъкид кард, ки ташаббускорони ин фоҷиа раҳбарияти сиёсии онвақтаи ИҶШС ва Озарбойҷон буданд ва барои ором кардани халқ ҳеҷ коре накарданд. Ҳайдар Алиев ин фоҷиаро ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳалқи Озарбойҷон арзёбӣ намуд.

Бо вуҷуди рӯйдодҳои хунин дар Боку, 20 январи соли 1990 саҳифаи қаҳрамонии таърихи Озарбойҷон барои мубориза дар роҳи истиқлолият ва тамомияти арзӣ гардид. Ҳарчанд халқи Озарбойҷон рӯзи 20 январи соли 1990 мавриди таҷовузи ҳарбӣ, маънавӣ ва сиёсӣ қарор гирифта буд, дар баробари ин тавоноии худро барои нигоҳдории анъанаҳои қаҳрамонии таърихӣ  ва муқовимат дар қиболи ҳуҷумҳои бераҳмтарини сохти коммунистӣ ба хотири озодӣ ва истиклоли Ватан нишон додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here