Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар таҷовуз ва қатли духтари 8-сола гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин хусус Радиои Озодӣ ба қавл аз пайвандони Руфайда Иноятова хабар медиҳад.

Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова гуфта, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон шуд, вале ҳақ надорад, дар бораи мурофиаи додгоҳӣ ҷузъиёт бидиҳад. “Аз ҳукми додгоҳ розиям. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад”, – гуфтааст ӯ.

Додгоҳи олӣ то ҳол дар ин бора расман хабар надодааст. Шарҳи пайвандон ва вакили мудофеи Гадоев низ дастрас нест. Маълум нест, онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд, ё не.

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь