Пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон)-и чаҳор, гуфтааст, аз такрори нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “сахт нигарон аст”. Ӯ рӯзи 18-уми май дар паёме аз пайравонаш дар вилоят хостааст, ки “ихтилофҳоро бо муколама ва дар рӯҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд.”

Пешвои исмоилиён дар паёмаш гуфтааст, “ба унвони Имоми Замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд; қонунҳои кишварро риоя кунанд; ҳамагуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонанд ба некӯаҳволии онҳо таҳдид кунанд, рад намоянд.”

Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон) дар идома аз пайравонаш хостааст, “вориди хушунат нашаванд.” “Ниҳоят муҳим аст, ки фарзандони рӯҳониям ҳамеша суннати ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд… ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд.”

Оғохони чаҳор дар охири паймаш ба пайравони исмоилия дар Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати пеш омадани зарурат “роҳнамоии минбаъдаро тавассути созмонҳои ҷамоат” хоҳад фиристод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь