Дар баробари ин, масъалаи кушодани намояндагии эътилоф дар кишвар то ҳол баррасӣ мешавад, гуфт Фумио Кишида.

Ҷопон нияти шомил шудан ба НАТО надорад, масъалаи дар Токио кушодани намояндагии ин паймон ҳоло ҳам баррасӣ мешавад, гуфт сарвазир Фумио Кишида, хабар медиҳад оҷонсии Рейтер.

Дар нимаи аввали моњи май рӯзномаи The Japan Times бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки дар Ҷопон идораи NATО кушода мешавад. Ёшимаса Ҳаяшӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷопон, ба CNN тасдиқ кард, ки музокирот идома дорад. Вай гуфт, ки сабаби баррасии масъалаи ифтитоҳи дафтари ин эътилоф дар Токио рӯйдодҳои Украина аст, ки дар робита ба ин ҷаҳон “ноустувортар” шудааст.

Кишида гуфт, ки муҳокимаи ин масъала идома дорад, аммо то ҳол дар ин бора тасмим гирифта нашудааст.

Дабири кулли NATО Йенс Столтенберг моҳи май ба рӯзномаи The Washington Post гуфта буд, ки “NATО иттифоқи Амрикои Шимолӣ ва Аврупо боқӣ мемонад ва он ба як иттифоқи ҷаҳонӣ бо аъзои осиёӣ табдил нахоҳад шуд”.

NATО ва Ҷопон аз аввали солҳои 1990 ҳамкориро инкишоф медиҳанд. Дар эътилоф ин кишварро давлати «шарикони тамоми ҷаҳон» меноманд. Токио ва эътилоф дар бахшҳое ба мисли амнияти баҳрӣ ва дифои киберӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь