Дар шаҳри Леваканд ифтитиҳи 8 синфхонаҳои иловагӣ, ки бо харҷи 1 млн сомонӣ сохта шудаанд, баргузор гардид.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ, раиси шаҳри Леваканд Файзиддинзода Бунафша, сардори Раёсати маорифи МИҲД вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва кормандони соҳаи маорифу хонандагону фаъолони деҳаи Боҳтурободи Ҷ/Д “Гулистон” дар назди МТМУ №6, ҳашт синфхонаи иловагии таълимӣ, ки бо маблағгузории Сафорати Ҷопон, МИҲД-и шаҳри Леваканд ва шахсони саховатпешшаи маҳал бунёд шудаанд, ба истифода дода шуд.
Боиси зикр аст, ки бинои пешинаи таълимии муассисаи номбурда соли 1949 бунёд гардида зиёда аз 70 сол инҷониб хидмат мекард.
Ба иттилои масъулини шаҳри Леваканд бинои нави таълимӣ бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомониӣ сохта шуда, аз 8 синфхонаи фароху муҷҷаҳаз бо мизу курсиҳои таълимию технологияи навтарин, мутобиқ ба стандарти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 400 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Зимни баистифодадиҳии синфхонаҳои иловагӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Леваканд Файзиддинзода Бунафша аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар самти бунёду сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва грантҳои бебозгашт изҳори сипос намуданд.
Ҷониби меҳмонон низ, алалхусус, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ дар навбати худ ба омӯзгорону хонандагони муассиса барои самаранок истифодабарии ин синфхонаҳо ва беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия барору муваффақият орзу карданд.
Сипас аз тарафи МИҲД-и вилояти Хатлон ва МИҲД-и Леваканд сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ, инчунин дигар ҳайати сафорату намояндагони лоиҳаи сохтмонӣ барои бунёди синфхонаҳо ва ҳамкориҳои судманд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон меҳмонон ва шаҳрдорӣ аз шароити синфхонаҳо ва ҷараёни дарсҳо дар синфхонаҳои сохташуда дидан карданд.
Мавлуда Гулова, Фараж