Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) имрӯз,14-уми март бо доираи васеъи рӯзноманигорони кишвар нишасти матбуотӣ доир кард.

Роҳбари Агентии мазкур Хидеки Танабе ҳадафи мулоқотро муаррифии фаъолияти Агентӣ дар соли 2018 ва шиносоӣ бо стратегияи нави ҳамкории  JICA бо Тоҷикистон унвон кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Танабе, ки як сол қалб дар Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари Агентии JICA таъйин гардидааст, соли сипаришуда барои Агентӣ соли комёбиҳо ва воқеаҳои таърихӣ будааст.

– Агентии JICA соли гузашта 5 лоиҳаро бомуваффақият ба анҷом расонида, татбиқи 2 лоиҳаи навро оғоз кардааст. Ҳамчунин, дар асоси стратегияи нав мо кӯшишҳоямонро ба рушди соҳаҳои нақлиёт, логистика, таъмини суботи энергетикӣ ва равнақи тиҷорати хурду миёна  равона месозем,- иброз дошт Хидеки Танабе.

Гуфта шуд, JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз карда, дар доираи барномаи курсҳои омӯзишӣ то имрӯз беш беш аз 2200 нафар хизматчиёни давлатиро бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва соҳаи мақроиқтисодӣ ҷалб намудааст.

Ҷаноби Танабе гуфт, айни замон шумораи лоиҳаҳои иҷрогардида ва амалӣ гашта истодаи JICA дар Тоҷикистон ба 34 адад бо маблағи беш аз 345 миллион доллар расидааст, ки аз ин ҳисоб 82 млн. доллар амрикоӣ кӯмаки техникӣ ва 263 млн. кӯмаки грантӣ мебошанд.

Қайд гардид, Дафтари намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон расман соли 2006 ба фаъолият шуруъ кардааст ва тӯли ин муддат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модару кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оид ба идоракунии сарҳад ва ғайраро амалӣ кардааст.

Ба гуфтаи роҳбарияти Дафтари намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон, Агентии JICA лоиҳаҳои гуногун дар 150 давлати дунё ва 100 адад намояндагӣ дар мамалакатҳои хориҷӣ дорад, ки ҳадафаш мустаҳкамтар кардани ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф ва таъмини кӯмаки расмии Ҷопон барои рушд ба муҳлати зиёда аз 50 сол мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь