Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мактаби рақами 3-и ноҳияро ба номи сарбози кушташуда Сунатулло Маҳмадови 21-сола,  ки рӯзи 9 марти соли ҷорӣ дар натиҷаи тирпаронӣ дар Исфара ба ҳалокат расида буд, гузоштанд.

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки  Суннатулло Маҳмадов,  дар деҳаи Арали ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳия тавалуд шуда, мактаби рақами 11-ро хатм кардааст.

Ӯ баъди хатми мактаб ба хизмати ҳарбӣ рафта, рӯзи 9 марти соли ҷорӣ аз тири душман дар Исфара ба ҳалокат мерасад.

Баъди вафоти ин фарзанди содиқи ватан дар асоси мактуби  раиси ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ ва қарори Вазорати маорифи кишвар мактаби рақами 3 деҳаи Арали ҷамоати Қадриддин Ғиёсови  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки Сунатулло Маҳмадов онҷо таҳсил карда буд, ба номи ӯ гузоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь