То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бунёди 38 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он се ададаш сохта ба истифода дода шудааст.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафар ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” дар ноҳияи Ҷомӣ бунёди 28 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он 8 ададаш дар соли 2022 ба истифода дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия се коргоҳу корхонаи саноати равғанбарорӣ, собунбарорӣ ва коргоҳи истеҳсоли сементблок ба истифода дода шуда, ҳоло корҳои сохтмони дар чанд корхонаи дигар идома доранд.
Гуфта шуд, ки баъди ба истифода додани корхонаҳои мазкур садҳо нафар сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.